Посухи Ромадоновский ба эродҳои Зуҳуров

Июнь 18, 2014 16:30

 
Душанбе, 18.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Константин Ромадоновский -сардори Хадамоти Федералии муҳоҷирати меҳнатии Русия дар мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ихроҷ шудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия бо таасуф гуфтааст, ки дар баъзе мавридҳо аз ҷониби кормандони Хадамоти мазкур зиёдаравӣ сурат мегирад, ки дар натиҷа ба ҷойи ҷазои сабук аз хориҷ намудани муҳоҷирон кор мегиранд. Мавсуф  таъкид намудааст, ки Хадамоти Федералии муҳоҷирати меҳнатии Русия муносибати ихроҷ аз қаламрави Русияро танҳо барои муҳоҷирони тоҷик не, балки барои ҳамаи миллатҳое, ки дар қаламрави Русия фаъолият ва зиндагии ғайриқонунӣ  доранд, раво мебинад.
Контантин Ромадоновский дар посух ба эродҳои Шукурҷон Зуҳуров дар мавриди манъи вуруди бархе аз донишҷӯён, хатмкунандагон ва аспирантҳои тоҷик, ки дар муассисаҳоии олии таълимии Русия таҳсил мекунанд, гуфтааст, ки дар кӯтоҳтарин муддат барои аз миён бардоштани ин нофаҳмиҳо иқдом менамоем. 
Ҳамзамон Константин Ромадоновский афзудааст, ки ниҳодҳои марбутаи ҳар ду кишвар барои рафъи камбудиҳое, ки дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ҷой доранд, бо роҳи машварат ва мулоқотҳои пай дар пайи масъулон талошҳои муассир карда истодаанд ва умедворем, ки ин мушкилот ба зудӣ роҳи ҳалли худро меёбад.
   «Мо дар ҳамаи ҳолатҳо барои муҳоҷирони тоҷики муқими Русия имтиёзҳои иловагӣ хоҳем дод ва зиёд намудани муҳлати иҷозатномаҳои кор ва замони бақайдгирии муҳоҷирон аз имтиёзҳое ҳаст, ки барои муҳоҷирони меҳнатии дигар кишварҳо вуҷуд надорад. «Хадамоти Федералии муҳоҷирати меҳнатии Федератсияи Русия дар маҷмӯъ талош мекунад, ки дар ҳамкорӣ бо  ҳамкасбони тоҷики худ барои аз байн бурдани нофаҳмиҳо ва ҳалли мушкилоти марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ иқдомҳои муассир намояд, — гуфт дар фарҷом Константин Ромодановский.
 

Июнь 18, 2014 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!