Президенти Латвия ба арзишҳои волои тоҷикон арзи эҳтиром намуд

Июнь 10, 2014 12:15

Душанбе, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, имрӯз пас аз анҷоми маросими расмии қабул ва мулоқоту музокироти сатҳи олии ҳарду кишвар ба назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташриф оварда, ба зери пояи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, ба арзишҳои волои миллию таърихии миллати бостонии тоҷик арзи эҳтиром ба ҷо овард.Маросими гулчанбаргузорӣ дар фазои пуршукуҳи тантанавӣ бо иштироку ҳамроҳии ҷузъутомҳои Гордии ифтихории Тоҷикистон ва ҳунарнамоии оркестри низомии асбобҳои нафасӣ ҷараён гирифт.

Июнь 10, 2014 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш