Раиси нави Академияи рассомӣ интихоб шуд
Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода). – 3 июн дар ҷаласаи васеи Шӯрои Академияи рассомии Тоҷикистон рассом, академики Академияи рассомии Тоҷикистон Олимхон Рабиев раиси нави академия интихоб гардид.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатӣ Абдулҳамид Самадов узви вобастаи Академияи рассомии Тоҷикистон, нависанда, тарҷумон, доктори фахрии фалсафа дар бахши адабиёт Абдуғаффор Абдуҷабборов ва рассоми маъруф, Ходими шоистаи санъати ҷумҳурӣ Ҷонибек Асоев академикҳои Академияи рассомии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Дар ҷаласа раиси собиқи академия, Рассоми халқии Тоҷикистон, ҷоизи Мукофоти давлатӣ Вафо Назаров аз кори иҷрошуда тайи панҷ соли охир гузориш дод.
Зикр шуд, ки таъсиси академия ба рушди санъати тасвирии ҷумҳурӣ мусоидат карда, бори нахуст дар таърихи санъати тасвирӣ 18 нафар рассомони машҳур ба ҳайси академикҳои Академияи рассомии Тоҷикистон ва бархе ходимони санъати Русия аъзои фахрии хориҷии он интихоб гардиданд. Бо ибтикори академия якчанд намоишгоҳҳо ташкил намуда, рассомони болаёқати ҷавон дар семинарҳои кишварҳои хориҷӣ иштирок карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






