Равнақи боғдорӣ дар Панҷакент

Июнь 3, 2014 09:51

 Панҷакент, 3.06.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Боғу токпарварони шаҳри Панҷакент барои амалӣ гардонидани «Барномаи рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2005-2015» садоқатмандона меҳнат мекунанд.
    Тавре  ки саркишоварзи раёсати кишоварӣ Фахриддин Тилобов иброз дошт, феълан дар шаҳри Панҷакент 1700 хоҷагии боғу токпарварӣ мавҷуд буда, дар ихтиёри худ 501 гектар боғ ва 1169 гектар токзор доранд.  Кормандони соҳа азм доранд, ки имсол 5146 тонна мева ва 5100 тонна ангур ба даст оварда, пешкаши истеъмолкунандагон гардонанд. Бо ин мақсад дар хоҷагиҳо сари вақт корҳои агротехникӣ гузаронида мешаванд. Ҳоло дар ин ҷо  таҳти роҳбарии мутахассисон дарахтон аз шоху навдаҳои зиёдатию беҳосил тоза шуда, корҳои нарм кардани бехи дарахтон ва шудгори байни қаторҳо вусъат меёбанд.
    Дар ин бобат хоҷагиҳои деҳқонии «Роҳи абрешим», «Камар», «Ҳаёти нав», «Абдулло» ва «Лоиқ»  пешсафанд.  

Июнь 3, 2014 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад