«Равшан»-ро бо қарзи имтиёзноки БИР таҷдид менамоянд

Июнь 25, 2014 15:56

           Душанбе, 25.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Зеристгоҳи  барқии «Равшан», воқеъ дар ғарби Тоҷикистон, ки беш аз 50 сол  фаъолият дорад, таҷдид карда мешавад. Вобаста ба ин,  имрӯз аз сӯи вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Бонки Исломии Рушд /БИР/ оид ба лоиҳаи  таҷдиди  зеристгоҳи барқии «Равшан» ба тасвиб расид.
          Муовини аввали  вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев   гуфт, ки арзиши лоиҳаи мазкур 14,5 миллион $ -ро ташкил дода, 13 миллион $ аз ҳисоби қарзи имтиёзноки БИР ва 1, 5 миллион $ ҳиссаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағгузории ширкати саҳҳомии холдингии корпоратсияи «Барқи Тоҷик» мебошад. Маблағи  ҷамъшавандаи лоиҳаи  мазкур имтиёзнок буда, муҳлати қарз 25 сол, давраи  имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ 7 сол аст. Инчунин меъёри фоиз то 2,5 %-и солона буда, дар маҷмӯъ элементи грантии он беш аз 35%-ро ташкил медиҳад.  Ҳамзамон Вазорати молияи  ҷумҳурӣ бо ширкати  саҳҳомии холдингии корпоратсияи «Барқи Тоҷик» Созишномаи зерқарзиро бо мақсади баланд бардоштани  самаранокии  истифодаи маблағҳои қарзӣ ва сифатнок  анҷом додани корҳо дар доираи лоиҳаи  мазкур ба имзо мерасонад, ки ин масъулиятнокии  мутахассисони соҳаро зиёд менамояд, мегӯяд Ҷамолиддин Нуралиев. 
        Нақшаи татбиқи лоиҳаи мазкур 44 моҳро баъд аз ба расмият даровардани Созишномаи қарзӣ дар бар мегирад.  Дар ин давра ба маблағи тақрибан 9 миллион $ таҷҳизот харидорӣ ва насб гардида, инчунин ба маблағи 3 миллион $ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида мешаванд. 
      Зеристгоҳи «Равшан» ҳанӯз соли 1963 ба истифода дода шуда, то имрӯз аҳолии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринавро бо неруи барқ таъмин менамояд. Бинобар ин дастгоҳҳои зеристгоҳ фарсудаю корношоям гардидаанд, ки сабаби коҳиш ёфтани мунтазами таъмини ин минтақа бо неруи барқ гардидааст ва ниёз ба таҷдид дорад.Таъкид гардид, ки зеристгоҳи мазкур дар рушди низоми энергетикии минтақа аҳамияти муҳим дошта, аҳолии шаҳри  Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринавро, ки қариб 400 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, бо барқ таъмин менамояд.
Тибқи дурнамо аҳолии ин шаҳру ноҳия дар соли 2017 ба 485 ҳазор нафар расида, он ба зиёд  гардидани талабот ба неруи барқ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, бо таҷдиди зеристгоҳи «Равшан» дар соли 2017 иқтидори он  дар мавсими тобистон ба 30% ва дар фасли зимистон ба 26% тадриҷан зиёд мегардад.

Июнь 25, 2014 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд