Роҳҳо- пайвандгари қалбҳо
Кӯлоб, 4.06.2014. (АМИТ Ховар, Сулаймони Хол).-Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳои мошингард бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ- Ховалинг дар масофаи 86 километр идома дорад.
Дар ноҳияи Ховалинг бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири роҳҳои асосии дохили ноҳия ба роҳ монда шудааст. Аз оғози корҳои таъмирӣ беш аз 40 тонна мумфарши пухтаи хушсифат харид гардида, ба воситаи техника ва коргарони муассиса кӯчаҳои марказӣ таъмир мегарданд.
Ба гуфти Ибодулло Ҳоҷиев, сармеъмори ноҳияи Ховалинг дар баробари ин сокинони ноҳия ва соҳибкорон кӯчаҳои ҳудуди деҳаҳо ва байни деҳаҳоро сангфарш мекунанд. Ҳукумати ноҳия то имрӯз барои вусъати корҳо ва сари вақт таъмир намудани роҳҳо ба муассисаи мазкур 10 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.
Ҳамчунин сохтмони биноҳои маъмурӣ, марказҳои хизматрасонию маишӣ, маориф, тиббӣ ва варзишӣ вусъати тоза пайдо менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






