Роҳхат ба ДДТТ
Кӯлоб, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамасола спартакиадаи донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии кишвар гузаронида мешавад, ки дар он беҳтарин донишҷуён ғолиб гардида, барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) роҳхат мегиранд. Дар спартакиадаи навбатӣ, ки дар вилояти Суғд баргузор гардид, донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро сазовор шуданд. Як донишҷӯи коллеҷи мазкур дар олимпиада ҷои якумро касб намуда, барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон роҳхат гирифт. Роҳбарияти коллеҷ ғолибони спартакиадаро бо ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






