Роҳхат барои ҳифзи Ватан
Хуҷанд, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- 24 июн дар факултаи №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими хатми курсантони курси чорум баргузор гардид. Дар чорабинӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Маҷидзода Ҷўрахон Зоир оид ба иҷрои вазифаҳои мардонагиву шуҷоатмандӣ ва ҳифзи Ватан сухан ронда, ба хатмкунандагон дар ҷодаи хизмати пуршараф дар мақомоти корҳои дохилӣ, ҳифзи амнияту тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҳама гуна ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо комёбиҳо таманно намуд. Ба хатмкунандагони ин даргоҳ дар фазои тантанавӣ диплом супорида шуд.
Сипас маросими гузашти тантанавӣ аз тарафи ҳайати афсарон, хатмкунандагон ва курсантони факулта сурат гирифт.
Ҳамчунин рухдоди дигари хотирмон дар ин рӯз-ин аз тармими асосӣ баровардани бинои нави таълимӣ буд. Бинои мазкур дорои синфхонаҳои таълимӣ, китобхона ва як бинои маркази тестӣ аст. Изҳори умед карда шуд, ки дар соли хониши нав васоити техникӣ пурра дар хидмати курсантон қарор мегиранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






