Рушди соҳаи саноат дар Кӯлоб
Кӯлоб, 14.06.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол). -Дар шаҳри Кӯлоб бо назардошти рушди кори соҳа ва дастраси бо ашёи хоми саноатӣ бунёди коргоҳҳои хурди саноатӣ афзуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва дастрасии аҳоли ба маҳсулоти ниёзи мардум то як андоза осон гардидааст. Дар ин росто фабрикаи ресандагии «Тестлайз» бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо ширкати Тентаи шаҳри Маскваи Русия фаъолияташро тақвият бахшида, номашро низ «Тентаи Кӯлоб» номид. Фабрикаи мазкур аз ҳисоби фармоишгар бо ашёи хом таъмин гардида, риштаи аълосифат истеҳсол менамояд, ки ба хориҷи кишвар интиқол дода мешавад. Ба гуфти роҳбари фабрикаи мазкур Обиддин Неъматов айни ҳол дар фабрика 73 нафар корманд дар чор баст ба кор ҷалб гардидаанд. Бо пайдо шудани корҷӯён масъулин метавонанд шумораи кормандонро ба 98 нафар расонанд. Иқтидори истеҳсолии фабрика дар як сол 1200 тонна нахи софи пахта ва 1000 тонна ришта аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






