С.Камолов: фароҳам овардани шароити мусоид барои маъюбон дар нақлиёт ногузир аст

Июнь 26, 2014 11:26

Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат). – Таъмини дастрасию имкониятҳои баробари кӯҳансолон  ба  хидматрасонии нақлиёт яке  аз  омилҳои тарзи  фаъоли  зиндагӣ  ва  дарозумрӣ  ба шумор  меравад. 
Чунин  буд  нуқтаи  назари  директори Созмони  ҷамъиятии «Маркази  геронтологии Осиёи  Марказӣ»,   номзади  илми тиб,  саргеронтологи  Вазорати  тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  Саодат   Камолова  дар   ҷараёни  мизи  мудаввар  дар  мавзӯи «Дастрасии  инфрасохтори нақлиёт  барои маъюбон ва гурӯҳи  камҳаракати  аҳолӣ», ки  дар Вазорати нақлиёти  ҶТ  баргузор  гардид. Ин  чорабинӣ бо  ибтикори  Созмони  ҷамъиятии «Иштирок» — и  занони  маъюб роҳандозӣ  шуд. 
Мувофиқи  суханони  саргеронтологи  ҷумҳурӣ, ҳар  сол  теъдоди кӯҳансолоне, ки барои  рушду  ободии  кишвару  ҷамъият қувваашонро  дареғ  надоштаанд, меафзояд. «Таъмини зиндагии шоиста  дар  аёми  пиронсолӣ ҳуқуқи  конститутсионии  ҳар  шахси  кишвар  мебошад. Ин  ҳуқуқ  дар  моддаҳои 35,36,38,39, 41 – и Конститутсияи  ҶТ  зикр  ёфтааст», —  гуфт  Саодат  Камолова. 
Саргеронтологи  кишвар  аз  номи  кӯҳансолони  мамлакат  ба  роҳбарияти Вазорати  нақлиёт ва кормандони  масъули  он  пешниҳод  намуд, ки  барои баланд  бардоштани  сатҳи  фарҳанги  хидматрасонӣ  ба  аҳолӣ  чораҳо  дида,  сохторҳои  дахлдорро  вазифадор  намоянд, ки  овезаҳои ҷадвали  кори  нақлиёти  ҷамъиятиро  дар  истгоҳҳо насб  намуда,  дар  троллейбусу  автобусҳо  ва  мошинҳои  мусофирбар  барои  кӯхансолон  ва шахсони  имкониятҳояшон  маҳдуд  ҷойҳои  махсуси  иҷтимоӣ  фароҳам  оранд.
Хотирнишон  месозем, ки  ҳар  сол 8 июл  дар  Тоҷикистон  рӯзи  маъюбону  кӯҳансолон таҷлил  мешавад. 

Июнь 26, 2014 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад