С.Камолов: фароҳам овардани шароити мусоид барои маъюбон дар нақлиёт ногузир аст
Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). – Таъмини дастрасию имкониятҳои баробари кӯҳансолон ба хидматрасонии нақлиёт яке аз омилҳои тарзи фаъоли зиндагӣ ва дарозумрӣ ба шумор меравад.
Чунин буд нуқтаи назари директори Созмони ҷамъиятии «Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ», номзади илми тиб, саргеронтологи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саодат Камолова дар ҷараёни мизи мудаввар дар мавзӯи «Дастрасии инфрасохтори нақлиёт барои маъюбон ва гурӯҳи камҳаракати аҳолӣ», ки дар Вазорати нақлиёти ҶТ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Созмони ҷамъиятии «Иштирок» — и занони маъюб роҳандозӣ шуд.
Мувофиқи суханони саргеронтологи ҷумҳурӣ, ҳар сол теъдоди кӯҳансолоне, ки барои рушду ободии кишвару ҷамъият қувваашонро дареғ надоштаанд, меафзояд. «Таъмини зиндагии шоиста дар аёми пиронсолӣ ҳуқуқи конститутсионии ҳар шахси кишвар мебошад. Ин ҳуқуқ дар моддаҳои 35,36,38,39, 41 – и Конститутсияи ҶТ зикр ёфтааст», — гуфт Саодат Камолова.
Саргеронтологи кишвар аз номи кӯҳансолони мамлакат ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва кормандони масъули он пешниҳод намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги хидматрасонӣ ба аҳолӣ чораҳо дида, сохторҳои дахлдорро вазифадор намоянд, ки овезаҳои ҷадвали кори нақлиёти ҷамъиятиро дар истгоҳҳо насб намуда, дар троллейбусу автобусҳо ва мошинҳои мусофирбар барои кӯхансолон ва шахсони имкониятҳояшон маҳдуд ҷойҳои махсуси иҷтимоӣ фароҳам оранд.
Хотирнишон месозем, ки ҳар сол 8 июл дар Тоҷикистон рӯзи маъюбону кӯҳансолон таҷлил мешавад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






