Саҳм ва мақоми занон дар таҳкими ҷомеа
Душанбе, 6.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Дирӯз дар шаҳри Чкалов бо ташаббуси бахши кор бо занони мақомоти маҳаллӣ машварат доир гардид, ки дар он занону бонувони фаъоли шаҳр ширкат варзиданд.Мавзӯи машварат “Саҳм ва мақоми занон дар таҳкими ҷомеа” буда, бахшида ба 20-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”, инчунин “Тасдиқи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” гузаронида шуд.Зикр гардид, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мақому манзалати зан дар ҷомеа эътибори хосса зоҳир намуда, дар ин ҷода як силсила санаду барномаҳоро ба тавсиб расонидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






