«Саҳми А. Ҷомӣ дар рушди илмҳои табиӣ»-конфронс
Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бахшида ба 3000 — солагии Ҳисор ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ дирӯз дар ноҳияи Мастчоҳ дуюмин конфронси илмӣ-методии омӯзгорони ҷавон баргузор гардид.Дар қисмати аввали конфронс дар мавзӯи «Саҳми Абдураҳмони Ҷомӣ дар рушди илмҳои табиӣ», «Ҳисор пас аз истилои манғитиён» ва «Мухтасаре роҷеъ ба таърихи Ҳисори Шодмон» маърӯзаҳо шунида шуданд.Қисмати дуюм аз рӯи бахшҳои филологӣ, фанҳои ҷамъиятшиносӣ, риёзию техникӣ, табиӣ ва услуби таълим ҷараён гирифт. Дар ин қисмат гузоришҳо оид ба «Витаминҳо ва аҳамияти он», «Усули таълими самарабахши физика дар мактаби миёна», «Яке аз масъалаҳои рӯзмарраи экологияи ноҳияи Мастчоҳ», «Мавқеи ибораҳои рехта дар қиссаи «Одина»-и С. Айнӣ», «Тарбияи ахлоқӣ дар афкори педагогикаи этникӣ», «Компютер ва саломатӣ» пешниҳоди иштирокчиён гардиданд.Дар фарҷоми конфронс ба муаллифони беҳтарин гузоришу маърӯзаҳо ифтихорнома ва туҳфаҳо супорида шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






