Сабабҳои болоравии нархи картошка кадомҳоянд?
Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ки маълум аст, аз оғози баҳори апрели соли ҷорӣ дар бозорҳои кишвар нархи картошка якбора боло рафта, сару садоҳои гуногунро ба бор овард. Вобаста ба факту далелҳои мавҷуда ва хулосаи коршиносони соҳа сабабабҳои асосии болоравии нарх ва камшавии ин маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ муайян гардид.
Бино ба иттилои коршиносони соҳа яке аз сабабабҳои аслии кам шудан ва боло рафтани нархи картошка дар минтақа-ин пеш аз пухта расидан ҷамъоварӣ карда фурӯхтани он ва картошкаи хомро захира намудани тоҷирон аст, ки дар натиҷаи сард омадани боду ҳаво ҳаҷми муайяни онро сармо задааст. Аз рӯи иттилои расмӣ Покистон ба кишварҳои минтақа ҳамасола 1,8 миллион тонна картошка содирот менамояд. Вале соли ҷорӣ бино бар сабаби зикршуда ин рақам хеле коҳиш ёфтааст, ҳатто талаботи худи Покистонро қонеъ намегардонад. Аз ин рӯ, якбора картошка дар бозорҳои минтақа кам шуда, нархи он боло рафт.
Бояд гуфт, ки аз рӯи омори расмӣ Покистон солона ба ҳисоби миёна 4 миллион тонна картошка истеҳсол мекунад. Талаботи дохилии он 2,2 млн. тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳукумати музофоти Панҷоби Покистон ҷиҳати бартараф намудани буҳрони картошка дар кишвар тасмим гирифтааст, ки андозро аз картошкаи воридшаванда аз Ҳиндустон озод намуда, арзиши картошкаи содиротшавандаро боло барад. Ин тасмими ҳукуматдорони Покистон ҷиҳати 200 ҳазор тонна картошка талаботи моҳонаи кишварро қонеъ гардонида наметавонад, вале нархҳоро дар Ҳиндустон қариб ба нархҳои дохилии Покистон баробар намудааст, ки ин раванд низ боиси болоравии нархи картошка дар минтақа гаштааст.
Бо машварати Вазорати амнияти озуқаи Покистон аз 5 май то 31 июли соли 2014 барои воридоти картошка 25% андози танзим, 17% андози фурӯш ва 5% андоз аз фоида озод карда шуд. Барои содироти картошка 25% андоз зам кардид. Аммо коршиносони соҳа муътакид бар онанд, ки изофа намудани андоз барои содирот ба маҳсулоте, ки 50 фоизи он аллакай содирот шудааст, натиҷае надорад.
Мавриди зикр аст, ки ҳамаи ин тадбирҳо ба он хотир роҳандозӣ гардиданд, то 200 ҳазор тонна картошка аз Ҳиндустон ворид гардида, нарх дар бозорҳои дохилӣ муътадил гардад. Илова бар ин, чанде қабл вазирони кишоварзӣ ва озуқаи Панҷоб бо картошкапарварон ва тоҷирон ҷаласаҳо гузаронида, хостанд арзиши картошкаро аз 50/60 рупияи покистонӣ ба 30 рупия поён баранд. Вале тамоми ин тадбирҳо натавонист, ки нархро дар бозорҳо нигоҳ дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






