Сафари ҳайати фарҳангии Қирғизистон ба Тоҷикистон
Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Аз 24-ум то 27-уми июни соли равон ҳайати шоирон, нависандагон ва санъаткорони қирғиз дар ноҳияҳои Ҷиргатол ва Тоҷикободи Тоҷикистон меҳмон мешаванд.
Дар ин ҳайат шахсиятҳои шинохтаи фарҳангии Қирғизистон, аз ҷумла шоираи номдори қирғиз Салима Шарипова, раиси Иттифоқи нависандагони вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон Турабой Жураев ва дигарон ширкат хоҳанд дошт.
Дар гузаргоҳи Қарамиқи сарҳади байнидавлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон меҳмононро ҳайати расмии сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон истиқбол намуданд, ки дар он намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дўстии Тоҷикистону Қирғизистон, роҳбарияти ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатол ва ҳайати ҳунармандони тоҷик шомил буданд. Барномаи сафари фарҳангиву ҳунарии ҳайати Қирғизистон аз баргузории шабҳои дўстии ду миллати ба ҳам бародар, вохўрии адибони қирқиз бо аҳолии ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ҷиргатол иборат аст.
Вохўриҳои аввалин нишон доданд, ки дўстии миллатҳои тоҷику қирғиз решаҳои таърихӣ дошта, рўз аз рўз устувортар мегарданд. Ҳамчунин зикр шуд, ки рушди муносибатҳо ҷавобгўи манфиатҳои ҳарду миллат ва давлат мебошад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






