Сафари кории М. Ҷабборӣ ба Ваҳдат ва Файзобод
Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). Дирӯз, 25 июн муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияи Ваҳдат ва Файзобод бо фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг шинос гардид.
Дар ҷараёни сафари корӣ аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат вобаста ба бартарафсозии мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла раванди ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор, эҳтиёҷ ба мутахассисони соҳавӣ, беҳтарсозии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, инчунин ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои дахлдор дода шуданд.
Ҳамзамон дар ноҳияи Файзобод мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ бо фаъолзанони ин навоҳӣ баргузор шуда, дар он масъалаҳои нақши занон дар рушди кишвар, татбиқи қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳалли мушкилоти имрўзаи ҷомеа, доир ба паст кардани тамоюли зуҳуроти номатлуб, зўроварӣ дар оила ва дигар масъалаҳои мубрами рўз матраҳ гардиданд.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






