Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
ҲИСОР, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «50-солагии Октябр» ва Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда дар шаҳри Ҳисор нақшаи ҷамъоварии пахтаро беш аз 110 фоиз иҷро намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Бо мақсади қадршиносии меҳнати софдилона ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи кишоварзӣ роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «50-солагии Октябр» Орифҷон Абдулҳакимов бо Сипоснома ва туҳфаи арзишманд — мошини сабукрав қадрдонӣ карда шуд.
Ҳамчунин директори Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимҷон Тоҳирзода ва кормандони пешқадами Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «50-солагии Октябр» Сайфулло Ҳафизов, Фозил Муъминов ва Сайфиддин Бобоев, ки аз ҳар гектар зиёда аз 40-сентнерӣ ҳосили пахта рӯёнидаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ин иқдом нишонаи эҳтиром ба заҳмати деҳқонон ва ҳавасмандгардонии онҳо барои боз ҳам баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва ғанӣ гардонидани хирмани пахта мебошад.
Имсол пахтакорони шаҳри Ҳисор дар 626 гектар чигит кишт намуданд, ки то имрӯз беш аз 1100 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст. Нақшаи ҷамъоварии пахта соли равон 1800 тоннаро ташкил медиҳад. Дар айни замон дар заминҳои пахта ҳосил фаровон буда, ҷамъоварии пахта муташаккилона идома дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






