Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд

Ноябрь 1, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод чораҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҷумла ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ захира гардидааст. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод иттилоъ доданд.
Барои фасли зимистон 60 тонна ангишт, 1950 куб ҳезум, 505 литр сузишвории дизелӣ дар муассисаҳои таълимӣ захира карда шудааст. Дар ин самт асосан муасиссаҳои таълими деҳаҳои дурдаст таҳти назорат гирифта шудаанд, то дар фасли зимисон ба мушкилӣ дучор нагарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Муъминобод 56 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дорои 301 адад печи барқӣ, 11 адад буғхона ва 420 адад печи аловӣ мебошанд.

Бо мақсади пурра таъмин намудани сокинон бо қувваи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон аз тарафи шабакаҳои барқи ноҳия низ корҳои таъмир, илова намудани равғани трансформаторҳои қудратӣ бо таҷҳизоти қудратии равғандор, буриши дарахтон дар хатҳои барқ ва дигар чорабиниҳои омодагӣ ба мавсими сармо гузаронида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 1, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид