Сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Данғара

Июнь 26, 2014 20:55

Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва доир намудани машварати корӣ бо фаъолони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара рафт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара нахуст ба ҷамоати деҳоти Лолазор ташриф оварда, бо кори намунавии хоҷагиҳои деҳқонии Сомонҷон, Имоми Аъзам, Мирзои Мардон ва Муҳсинҷон бевосита шинос шуд.
Тавре зикр намуданд, хоҷагии Сомонҷон дорои 300 га замини корами обӣ буда, аҳли заҳмати он бо боғутокпарварӣ, ғаллакорӣ, парвариши сабзавоту полезӣ ва ҷамъоварии хӯроки чорво машғуланд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аввал аз ҳосили фаровони пиёзи барвақтӣ, ки дар майдони 4 га кошта шудааст, дидан карда, аз он изҳори хушӣ кард, зеро аз ҳар гектараш ба ҳисоби миёна то 750 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ карданианд.
Дар 200 гектар заминҳои ин хоҷагӣ ангур шинонда шудааст ва ҳосили навъҳои пешпази он аллакай ба бозор ворид шудааст.
Аз намоишгоҳи маҳсулоти ин хоҷагӣ маълум шуд, ки дар заминҳои он ҳосили фаровони меваю сабзавот ва полезиҳо рӯёнда мешавад.
Дар хоҷагии Имоми Аъзам бошад, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама зиёд боғи навъҳои пешпази себ, ки дар майдони 4 га парвариш меёбад,  писанд омад.
Ин хоҷагӣ дорои 70 гектар замин буда, дар 50 гектари он боғу токзор бунёд ёфтааст. Аз боғҳои он ҳосили гелос, олую зардолу ва дигар меваҳои пешпаз вориди бозор шудааст. Қисмати зиёди он ба хориҷи кишвар низ содир мешавад.
Тавре иттилоъ доданд, аҳли 60 хонавода ризқи худ аз заминҳои ҳамин хоҷагӣ ҳосил мекунанд.
Хоҷагии деҳқонии Мирзои Мардон дорои 21 га замин буда, дар зиёда аз 1 гектари он картошкаи барвақтӣ корида шудааст. Аз нашъунамои ниҳолҳо маълум аст, ки аз як гектари он қариб 400 сентнер картошка рӯёнда мешавад.
Хоҷагии Муҳсинҷон ҳам, ки 203 гектар замин дар ихтиёр дорад, фаъолияти ибратбахш ба роҳ мондааст. Аҳли заҳмати он дар 104 гектар ғалладона кишт намуда, аз ҳар гектари гандум ба ҳисоби миёна наздики  50 сентнерӣ ҳосил рӯёнданианд.
Дар 80 гектар пахтаи навъи ирам кишт намудаанд, ки ниҳолҳояш нашъунамои хуб дорад. Дар 13 гектар полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбӯза ва дар боқӣ заминҳо сабзавоткорӣ ба роҳ монда шудааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти босамари аҳли заҳмати ин хоҷагиҳо изҳори хушӣ карда, таъкид дошт, ки таҷрибаҳои пешқадами онҳо мавриди омӯзиш ва тарғиб барои дигар кишоварзон қарор дода шавад.
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пагоҳ дар ноҳияи Данғара баргузор мегардад.

Июнь 26, 2014 20:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат