Сафари расмии Зирор Аҳмад Усмонӣ ба Тоҷикистон
Душанбе, 04.06.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим).- 4-7 июни соли 2014 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Усмонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.
Дар доираи сафари мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳад пазируфт.
Инчунин дар Душанбе мулоқотҳои дипломати афғон бо Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов, Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, Вазири нақлиёти Тоҷикистон Ҳайрулло Асозода пешбинӣ шудаанд.
Дар назар аст, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳо масъалаҳои робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Афғонистон, аз ҷумла ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисод, тиҷорат, нақлиёт, энергетика, маориф, фарҳанг ва ғайра мавриди муҳокима қарор гиранд. Ҳамзамон ҷонибҳо ҳамкориҳои минтақавӣ ва амнияту субот дар минтақаро баррасӣ хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






