Сафири Тоҷикистон нусхаҳои эътиборномаҳоро супурд

Июнь 4, 2014 13:41

Душанбе, 04.06.2014. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат). — 3  июн  дар  шаҳри  Маскав  маросими нусхаҳои  эътиборномаҳоро  супурдани Сафири навтаъини Фавқулодда  ва  Мухтори  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  Имомуддин  Сатторов  баргузор  гардид.
Дар  ин  бора  намояндаи  расмии Сафорати  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  Муҳаммад  Эгамзод ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод.
Назар ба  иттилои  манбаъ,  нусхаҳои эътиборномаҳоро  сармуншӣ ва  муовини  вазири   корҳои  хориҷии  Русия  Григорий  Карасин  қабул  кард. 
«Муовини  вазири  корҳои  хориҷии  Русия сафирро муборакбод  карда, изҳори  умедворӣ  намуд, ки  зимни  фаъолияташ  ба  рушду  густариши  муносибатҳои  Русия  ва  Тоҷикистон  мусоидат  хоҳад  кард», — гуфт Муҳаммад  Эгамзод.
Имомуддин  Сатторов  дар  навбати  худ  итминон  дод, ки  барои  инкишофи   муносибатҳои  дуҷонибаи  стратегӣ чораҳои  судманд хоҳад  дид. 
Дар  анҷоми  суҳбате,  ки баъди  маросими  расмӣ  баргузор  гардид,  доираи  васеи  масоили  ҳамкории  дуҷонибаи Тоҷикистону  Русия,  аз  ҷумла  масоили  сиёсӣ  ва иқтисодию  гуманитарӣ,  ҳамчунин  тартиби  равобит  дар  ҳошияи  рушди  муколамаи   байнидавлатии  сиёсӣ  мавриди  муҳокима  қарор  гирифт.
Имомуддин  Сатторов қайд  намуд, ки ҳалли  масоили  муҳоҷират  ва  ҳифзи ҳуқуқҳои  муҳоҷирони  меҳнатӣ  дар  Русия дар  фаъолияти  Сафорати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  авлавият доранд.
Ҷонибҳо  ҳамчунин  масоили  марбут ба  таҳкими   ҳамкорӣ дар  ҳошияи  созмонҳои байналмилалию  минтақавӣ ва  рушди  муносибатҳои тиҷоратию  иқтисодиро  мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
 

Июнь 4, 2014 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд