Санаи имтиҳонсупорӣ дар ММТ
Душанбе, 4.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 1-ум то 19-уми июли соли равон супоридани имтиҳонҳои довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат пас аз гузаштани имтиҳонҳои тестии компонентҳои А ва Б вобаста ба гурӯҳи ихтисос (кластер)-ҳо дар муассисаи таълимии аз ҷониби довталаб интихобгашта тибқи ҷадвали Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-ум то 19 -уми июли соли ҷорӣ гузаронида мешаванд.
Гуфта мешавад, ки дар як гурӯҳ муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ихтисосҳое ҳастанд, ки тибқи тартиби тасдиқгардида ва талаботи қоидаҳои қабул довталабоне, ки ин ихтисосҳоро интихоб намудаанд, дар баробари имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бояд имтиҳони эҷодӣ ва маҳорат (ИЭМ) низ супоранд. Ба ин қатор ихтисосҳои самти санъат, дизайн, меъморӣ, динӣ (исломӣ) ва варзиш дохил мешаванд, ки дар соли 2014 теъдоди онҳо 43-то мебошад.
Мақсади гузаронидани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат санҷидани қобилияти эҷодиву малакаи махсуси довталабон ва имкониятҳои шахсии онҳо оид ба аз худ намудани ихтисосҳои эҷодӣ мебошад. Дар саҳифаи дуюми “Даъватнома”-е, ки аз тарафи Маркази миллии тестӣ ба довталабоне, ки имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат месупоранд, ирсол гардидидааст, нишонии муассисаи таълимӣ ва таърихи баргузории ИЭМ сабт шудааст.
Мавриди зикр аст, ки довталаб рӯзи дигар пас аз супоридани имтиҳони компоненти Б бояд ҳатман ба муассисаи таълимии интихобнамудааш ҳозир гардад ва бо шартҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат, инчунин макони гузаронидани онҳо шинос шавад.
Дар ин бора сухангӯи ММТ Ситорабону Назарова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






