«Санъати сиркӣ» -ихтисоси нав барои довталабон
Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабонро ба Муассисаи давлатии таълимии санъати сиркӣ ва эстрадаи шаҳри Маскав ба номи М.Н.Румянсев барои таҳсил аз рӯйи ихтисоси «Санъати сиркӣ» эълон менамояд.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, ба муассисаи таълимии мазкур ҷавонони аз 15 то 21-солаи дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ, ки қобилияти тахассусӣ доранд, қабул мешаванд. Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи 1 июли соли 2014 сурат мегирад.
Интихоб ва имтиҳони довталабон аз ҷониби мутахассисони муассисаи таълимии мазкур, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Довталабоне, ки се даври маҳорати касбиро мегузаранд, барои супоридани имтиҳон аз забон ва адабиёти рус роҳ дода мешаванд. Хароҷоти таҳсил аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






