Сарқонун ҳуқуқу амнияти шаҳрвандонро таъмин менамояд
Кӯлоб, 4.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Сулаймони Хол).- Бахшида ба 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми минтақавии Раёсати ВКД дар минтақаи Кӯлоб конфронси илмӣ баргузор гардид. Иштирокдорон атрофи манфиатҳои миллии давлат, ки дар меъёрҳои Конститутсия таҷассум ёфта, афзалияти онҳо бо назардошти эътирофи расмии санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ пурра ба инобат гирифта шудаанд, маърӯза намуда, ҳифзи марзу буми Ватан ва дастовардҳои миллиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як фарди ватандӯст арзёбӣ карданд.
Ҳамин гуна чорабинӣ дар бинои Суди шаҳри Кӯлоб бо иштироки намояндагони Суди конститутсионии ҶТ баргузор гардид.
Зимни маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ иштирокдорон иброз намуданд, ки Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсоз буда, меъёрҳои он аз принсипҳои инсондӯстӣ маншаъ мегиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






