Сарқонун — ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат

Июнь 19, 2014 11:12

Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба 20- солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанов мулоқот доир намуданд. 
Маҳмадалӣ Ватанов оид ба масъалаҳои вобаста ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт. Дар мулоқот зикр гардид, ки маҳз бо шарофати Сарқонун  ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ шинохт ва дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ифода гардидаанд.
 

Июнь 19, 2014 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш