Сармураббии «Хайр» иваз шуд
Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Барои пурқувват кардани дастаи футболи «Хайр»-и Ваҳдат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мураббии белорус Пётр Качура то охири соли ҷорӣ шартнома ба имзо расонд.
Бояд гуфт, ки дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат яке аз дастаҳои хуби кишвар буда, дар Лигаи миллии футбол дар қатори пешсафон ҷойгир шудааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Вахдат бо мақсади амалӣ кардани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва эълон шудани «Соли омавии футбол» пайваста ба даста кумак намуда, барои яке аз ҷойҳои ифтихориро ишғол карданаш тамоми шароитҳоро муҳйё месозад. Ин навбат бо даъвати раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ Амир яке аз мураббиёни шинохтаи Белорус Пётр Качура, ки пештар дастаи Динамо Минскро машқ медод, ба шаҳри Ваҳдат омад ва минбаъд ҳамчун сармураббии дастаи «Хайр» то анҷоми чемпионат ин дастаро машқ медиҳад. Дар рафти шиносоӣ бо даста роҳбарияти шаҳр эълон кард, ки омода аст барои боз ҳам хуб шудани бозии даста ҳама чораҳои заруриро андешад ва ба даста даъват шудани яке аз мутахассисони шинохта аз ҷумлаи ин дастгириҳост. Мураббии тозаинтихоб бо футболбозон шинос шуда, барои даъват шуданаш ба дастаи Хайр минатдории худро ба роҳабрияти шаҳри Ваҳдат баён кард ва афзуд, ки кӯшиш менамояд, то мақсади дар наздаш гузошташударо иҷро кунад.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Вахдат бобати ба варзиш ҷалб намулани ҷавонон корҳои ҳавасмандгардонӣ рӯз аз рӯз вусъати тоза мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






