Сарвазири Покистон бар пояи ҳайкали Сомонӣ гулчанбар гузошт
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, имрӯз пас аз анҷоми маросими расмии қабул ва мулоқоту музокироти сатҳи олии ҳарду кишвар ба назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон омада, бар пояи ҳайкали асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, ба арзишҳои волои миллию таърихии миллати бостонии тоҷик арзи эҳтиром ба ҷо овард.
Маросими гулчанбаргузорӣ дар фазои пуршукӯҳи тантанавӣ бо иштироку ҳамроҳии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва ҳунарнамоии оркестри низомии асбобҳои нафасӣ ҷараён гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






