Семинари «ТАЛКО» аз рӯи бехатарии экологӣ

Июнь 9, 2014 12:56

Душанбе, 09.06.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат). — Бо  ибтикори Кумитаи  ҳифзи  муҳити  зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва «ТАЛКО»  ва мусоидати Комиссияи  доимии  экологии Маҷлиси   намояндагони  Маҷлиси  Олии  ҶТ  дар  шаҳри  Турсунзода  семинари илмию амалӣ  дар  мавзӯи  «Масоили  таъмини  бехатарии   экологии корхонаҳои  саноатии  Тоҷикистон дар  мисоли  фаъолияти КВД «Ширкати  алюминийи  Тоҷикистон («ТАЛКО»)» баргузор гардид.
Дар  семинар  намояндагони  идораҳои давлатӣ  ва  муассисаҳои  илмӣ,  кормандони  намояндагиҳои  дипломатии  кишварҳои  Осиёи  Марказӣ  дар  Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъиятии  экологӣ,  коршиносони  бахши  экология,  журналистони  васоити  ахбори оммаи  дохилию  хориҷӣ  ширкат  доштанд.
Иштирокдорони  семинар  таҷрибаи  корхонаҳои  Тоҷикистон, аз ҷумла  таҷрибаи Корхонаи  воҳиди давлатии «ТАЛКО»  дар  амри  таъмини бехатарии  экологии корхонаҳои  саноатиро  мавриди  муҳокима  қарор  доданд. 
«Сиёсати  экологии  КВД «ТАЛКО»  ба  хусусияти  таъсири   корхона ба  муҳити  зист  мувофиқат  намуда, ӯҳдадориҳоро дар бахши  беҳдошти  доимии  сифати  муҳити  зист  дар  бар  гирифта,  ба  ифлосшавии  муҳит  роҳ  надода,  талабҳои   марбут ба  қонуни  ҳифзи табиатро  баҷо  меорад», — гуфт   зимни  суханрониаш  директори Раёсати  иттилоот ва  робита  бо  аҳли  ҷамъияти КВД «ТАЛКО» Игор  Сатторов. 
Дар  семинар коршиносони  маъруфи  соҳаи  экология  ва  ҳифзи  муҳити  зист аз  қабили  вакил, узви Кумитаи  оид ба масоили  кишоварзӣ  ва  экология, роҳбари Комиссияи  доимии  экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии  ҶТ  Маҳмадшариф  Ҳақдодов,  муовини  раиси  Кумитаи ҳифзи  муҳити  зисти назди  Ҳукумати  ҶТ Шамс  Назаров, директори иҷроияи  B.A.R.S. Consulting Ltd   Алихон Латифӣ,  сардори  шуъбаи   ҳифзи  муҳити зисти  КВД «ТАЛКО»  Нуралӣ  Қодиров,  коршиноси  бахши гуногунии биологӣ Светлана Балаговешенская,  коршиноси  масоили  иҷтимоӣ Ҷамшед  Урунбоев  ва дигарон  фикрашонро  дар  бораи  экология  ва  ҳифзи  муҳити  зист  баён  доштанд.
 

Июнь 9, 2014 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад