Семинари «ТАЛКО» аз рӯи бехатарии экологӣ
Душанбе, 09.06.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). — Бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «ТАЛКО» ва мусоидати Комиссияи доимии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар шаҳри Турсунзода семинари илмию амалӣ дар мавзӯи «Масоили таъмини бехатарии экологии корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар мисоли фаъолияти КВД «Ширкати алюминийи Тоҷикистон («ТАЛКО»)» баргузор гардид.
Дар семинар намояндагони идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ, кормандони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъиятии экологӣ, коршиносони бахши экология, журналистони васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ширкат доштанд.
Иштирокдорони семинар таҷрибаи корхонаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла таҷрибаи Корхонаи воҳиди давлатии «ТАЛКО» дар амри таъмини бехатарии экологии корхонаҳои саноатиро мавриди муҳокима қарор доданд.
«Сиёсати экологии КВД «ТАЛКО» ба хусусияти таъсири корхона ба муҳити зист мувофиқат намуда, ӯҳдадориҳоро дар бахши беҳдошти доимии сифати муҳити зист дар бар гирифта, ба ифлосшавии муҳит роҳ надода, талабҳои марбут ба қонуни ҳифзи табиатро баҷо меорад», — гуфт зимни суханрониаш директори Раёсати иттилоот ва робита бо аҳли ҷамъияти КВД «ТАЛКО» Игор Сатторов.
Дар семинар коршиносони маъруфи соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист аз қабили вакил, узви Кумитаи оид ба масоили кишоварзӣ ва экология, роҳбари Комиссияи доимии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадшариф Ҳақдодов, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Шамс Назаров, директори иҷроияи B.A.R.S. Consulting Ltd Алихон Латифӣ, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти КВД «ТАЛКО» Нуралӣ Қодиров, коршиноси бахши гуногунии биологӣ Светлана Балаговешенская, коршиноси масоили иҷтимоӣ Ҷамшед Урунбоев ва дигарон фикрашонро дар бораи экология ва ҳифзи муҳити зист баён доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






