Ш.Зуҳуров бо даъвати С.Наришкин ба Маскав меравад
Душанбе,16.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Фардо, 17 июн Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Сергей Наришкин- раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ ба Маскав меравад.
Шукурҷон Зуҳуров зимни сафари расмияш ба Русия бо Валентина Матвиенко- раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, Сергей Наришкин-раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ва Константин Ромадоновский-раиси Хадамоти Федералии муҳоҷирати меҳнатии Федератсияи Русия мулоқот менамояд. Интизор меравад, ки Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот бо роҳбарони баландпояи Парлумони Русия масоили марбут ба таҳкими равобити ҳасанаи Душанбеву Маскавро дар бахшҳои мухталиф, хусусан тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва масоили вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Русия матраҳ хоҳад кард.
Ҳамзамон дар назар аст, ки Шукурҷон Зуҳуров дар назди донишҷӯён ва ҳайати устодону профессорони Донишкадаи давлатии заминсозии Маскав, ки худ дастпарвари ин донишкада аст, сухан хоҳад гуфт.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






