Ш.Зуҳуров бо даъвати С.Наришкин ба Маскав меравад

Июнь 16, 2014 10:27

 
           Душанбе,16.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Фардо, 17 июн Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Сергей Наришкин- раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ ба Маскав меравад. 
           Шукурҷон Зуҳуров зимни сафари расмияш ба Русия бо Валентина Матвиенко- раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, Сергей Наришкин-раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия  ва Константин Ромадоновский-раиси Хадамоти Федералии муҳоҷирати меҳнатии Федератсияи Русия мулоқот менамояд. Интизор меравад, ки Шукурҷон Зуҳуров  зимни мулоқот бо роҳбарони баландпояи Парлумони Русия масоили марбут ба таҳкими равобити ҳасанаи Душанбеву Маскавро дар бахшҳои мухталиф, хусусан тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва масоили вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Русия матраҳ хоҳад кард.
        Ҳамзамон дар назар аст, ки Шукурҷон Зуҳуров дар назди донишҷӯён ва ҳайати устодону профессорони Донишкадаи давлатии заминсозии Маскав, ки худ дастпарвари ин донишкада аст,  сухан хоҳад гуфт. 
 
 

Июнь 16, 2014 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд