Ш. Зуҳуров: «Бояд мутахассисони ҳирфаӣ тайёр намоем»
Душанбе, 20.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода»).-Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров 20 июн зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» пешниҳод намуд, ки бояд дар ҷумҳурӣ дар заминаи литсейҳои касбию техникӣ курсҳои кӯтоҳмуддати аз 3 то 6-моҳаи касбомӯзӣ ташкил шаванд. Мавсуф аз муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Абдусалом Мирзоев тақозо кард, ки ҳамчун сарпарасти ин бахш дар вазорат тадбирҳои зарурӣ андешанд. Хусусан ҷиҳати тақвияти базаи заминаи техникии литсейҳои касбию техникӣ, то ҷавонон бо дастгоҳҳои ҳозиразамон кор карда тавонанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки пеш аз оне, ки ҷавонони тоҷик ба хориҷи кишвар, хусусан ба Русия барои кор мераванд, бояд онҳо касби муайн дошта бошанд ва бо таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ кор карда тавонанд. Ш. Зуҳуров ҳамзамон масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни литсейҳои касбомӯзии Тоҷикистону Русияро дар мавриди омӯзонидани ҷавонони тоҷик дар литсейҳои касбию техникии ин кишварро таъкид кард. Мавсуф афзуд, ки дар бисёре аз муассисаҳои олии таълимии кишвар ҳуқуқшиносу иқтисодчӣ тайёр мешаванд, ки баъди хатми донишгоҳҳо ҷои кор намеёбанд. Бояд дар ҷумҳурӣ бо назардошти ниёзи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ мутахассисони ҳирфаиро, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавогӯанд, омода созем, бахусус мутахассиони касбиро дар бахши истеҳсолот, то иқтисоди кишвар пешрафт намояд.
Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки: «Зимни сафари расмиям ба Русия, ки рӯзҳои 17-19 июн сурат гирифт ва мулоқотам бо роҳбарону намояндагони баландпояи мақомоти ин кишвар дар радифи дигар масъалаҳо, масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳо дар ин кишвар дар сархати суҳбатҳоям қарор дошт. Мо он пешниҳодҳое, ки ба ҷониби Русия дар мавриди ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик пешниҳод кардем, онҳо пазируфтанд ва мехоҳанд, ки дар оянда дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд».








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






