Ш. Зуҳуров: “Фарҳанги қонунгузории вакилон рушд ёфтааст”
Душанбе, 30.06.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-“181 қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ҷараёни 28 ҷаласаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон қабул ва тасдиқ гардиданд”, -гуфт Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузоришаш “Дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум”. Аз 181 қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулгардида 2 қонуни конститсионӣ, 6 тағйиру илова ба қонунҳои конститутсионӣ, 13 қонуни мукаммал, 69 тағйиру илова ба қонунҳо, 15 тағйиру илова ба кодексҳо, 31 созишнома, 2 конвенсия, 35 қарор, 1 дурнамо, 3 шартнома, 2 протокол ва 1 барнома мебошад. Ҳамзамон раиси Маҷлиси намояндагон зикр кард, ки дар ин муддат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ 50 лоиҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 73 лоиҳа, аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон 26 лоиҳаи қонун пешниҳод ва қабул гардиданд. Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки қонуну санадҳои қабулгардида бо назардошти хусусиятҳои миллии кишвар таҳия гардида, дар пешбурди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ нақши муассир мегузоранд. Раиси Парлумон ҳамзамон ба фаъолияти палатаи поёнии Парлумони мамлакат баҳои мусбӣ дода, иштироки фаъолонаи вакилони Маҷлиси намояндагонро дар таҳия ва қабули қонуну санадҳо, чорабиниҳои гуногуни ҷомеа аз камолоти касбии вакилон ва рушди парламентаризм дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон арзёбӣ кард. Ба эҳтироми якдигар сазовор гардидани вакилони палатаи поёниии Парлумони кишвар новобаста аз мансубияти ҳизбӣ ва ақоиди сиёсӣ яке аз дастовардҳои Маҷлиси намояндагон маънидод гардид. Таъкид шуд, ки вакилон сарфи назар аз мансубияташон ба аҳзобу гуруҳҳои сиёсӣ дар мавриди ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, тамомияти арзиӣ кишвар ва дигар масоили муҳими вобаста ба дурнамои рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳамфикру ҳамақида мебошанд.








ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст






