«Шамс» дар меҳмонии донишҷӯён
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар хобгоҳи № 3-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, дар мавзӯи «Пешбарии тарзи ҳаёти солим» суҳбат — машварат доир шуд.
Тибқи иттилои сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод, дар вохӯрӣ сардухтури дараҷаи олии дармонгоҳи хусусии «Шамс» Абдулло Низомиддинов ва мудири кафедраи анатомия ва физиология, дотсент Мақсадой Обидова ширкат карданд. Абдулло Низомиддинов оид ба худкушӣ, пешгирии нашъамандӣ ва тамокукашӣ ва хавфи он ба саломатии инсон, оид ба либоспӯшӣ ва рафтори ҷавонони имрӯза сухан гуфт. Инчунин таъкид кард, ки хавфи телефони мобилӣ, компютер ва гӯшкунакҳо ба майнаи сар хеле зиёд аст.
Дотсент Мақсадой Обидова дар бораи бемориҳои зуҳравӣ ва вараҷа гуфт, ки хавфи тарзи гузариш ва муҳофизати худ аз ин бемориҳо, беҳдошти шахсӣ ва тозагии атрофи муҳити зисти худ аз талаботи асосӣ аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






