Ширкатҳои ватанӣ дастгирӣ меёбанд
Душанбе, 4.06.2014. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи касбии кормандони саноати сабуки Тоҷикистон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати кишвар ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав намоишгоҳи байналмилалии «ИнтерЛегПром-2014» -ро баргузор намуд. Дар намоишгоҳи мазкур 60 ширкати Тоҷикистон, 22 ширкати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ширкатҳои Афғонистон, Лаҳистон ва Туркия иштирок намуда, маҳсулоти худ, аз қабили маҳсулоти ниҳоии пахта, қолинбофии дастӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар таҷҳизоти муҳими корхонаҳои саноатиро ба намоиш гузоштанд. Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз ташкили намоишгоҳ кӯмак намудан ба ширкатҳои ватанӣ дар масъалаи ёфтани мавқеи худ дар бозор, шинос ва муаррифӣ намудани харидорони ватанӣ бо молу маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ ва ёфтани шарикони ҳамкор мебошад. Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи байналмиллалии «ИнтерЛегПром-2014» 8-умин намоишгоҳ дар Тоҷикистон буда, аз 4 то 8- уми июн идома меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






