Ширкати футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқот барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Косим). – Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар ҳошияи омодагӣ ба Мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон дар шаҳри Норак машқ мекунад.
Тавре ки менеҷери дастаи наврасон Меҳроҷиддин Холов хабар дод, машқҳои даста то 22 июн давом мекунанд. Сармураббии даста Салоҳиддин Ғафуров барои иштирок дар мусобиқот 24 футболбозро даъват кардааст.
Хотирнишон месозем, ки мусобиқот барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон аз 25 то 29 июн дар шаҳри Остона баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Испаниё, Эрон ва Озарбойҷон қувваозмоӣ мекунад. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои Гурҷистон, Қирғизистон, Чин ва Қазоқистон бо ҳам вомехӯранд.
Футболбозони кишвари мо 25 июн бо дастаи Эрон, 26 июн бо футболбозони Испаниё ва 28 июн бо дастаи Озарбойҷон вомехӯранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






