Шукуфоии Ватан аз Ваҳдат аст

Июнь 26, 2014 09:22

Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибии он маҷлис доир гардид.Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи хадамот, дар он сардори Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Толибҷон Шарипов оид ба аҳамияти ин рўз ва таҷлили он дар саросари кишвар сухан гуфта, аз номи роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират тамоми кормандонро бо ин санаи фархунда табрик намуд.Сардори шуъбаи робита бо ҷомеа Абдуллоҳи Қодирӣ оид ба асоси ҳастии ҳар халқу миллат, ки ваҳдат, ягонагӣ, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ аст, сухан кард. Зикр шуд. ки Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлоли мо дар партави парчами сулҳу ваҳдат ба сўйи ободӣ, шукуфоӣ, пешрафт, тараққиёт ва ояндаи дурахшон равона аст.

Июнь 26, 2014 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад