Силсилаи мусобиқаҳои варзишӣ дар Хуҷанд

Июнь 13, 2014 09:27

Душанбе, 13.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди нашъамандӣ ва таҷлили иди Ваҳдати миллӣ дар мактаби варзишии бачагон ва наврасони № 2 — и шаҳри Хуҷанд 10 июни соли равон силсилаи мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардид, ки онҳо то 25 июн идома мекунанд.Дар мусобиқот варзишгарон аз рӯи 20 намуд, аз қабили футбол, камонкашӣ, ушу, баскетбол, волейбол, намудҳои гуногуни гӯштин, шиноварӣ, қаиқронӣ, вазнбардорӣ миёни ҳам рақобат мекунанд. Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд мусобиқа 25 — уми июн бо баргузории намоиши оммавии умумишаҳрӣ хотима меёбад.

Июнь 13, 2014 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш