Сокини пойтахт бо бангдона дар Қумсангир дастгир шуд

Июнь 24, 2014 15:54

Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Зимни гузаронидани чораҳои  фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Қумсангир, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, сокини 45-солаи пойтахт Ҳасан Каримовро бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 3 кг 22 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд. 
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад.

Июнь 24, 2014 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш