«Солимӣ, зебоӣ-масъулияти ояндаи ҷомеа»
Кӯлоб, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар», Фарҳод Мадаминов).-Аз 24 то 31-май дар қаламрави шаҳру деҳоти Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар доираи Ҳафтаи кӯдакон таҳти унвони «Солимӣ, зебоӣ-масъулияти ояндаи ҷомеа» чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ гузаронида шуданд. Шуъбаи маорифи шаҳр баҳри дарёфти истеъдодҳои наврас дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ мусобиқаҳои варзишӣ, озмунҳои фарҳангии «Шеърхони беҳтарин», «Овозхони беҳтарин», «Навозандаи беҳтарин», «Рассоми беҳтарин», «Чирадасти беҳтарин»-ро ташкил намуд. Мақсади ин озмунҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, эҳтироми қонун, пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ноболиғон, дастгирии ҳамсолон, аз ҷумла кӯдакони имконияташон маҳдуд, тарғибу ташвиқи ҳаёти солим мебошад. Озмун дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Кӯлоб ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо аз ҷониби ҳукумати шаҳр ва шуъбаи маориф бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






