Созишномаи байни Тоҷикистону НАТО ба тасвиб хоҳад расид
Душанбе, 23.06.2014.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).-Дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки 23 июн таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, як қатор санадҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ /СААШ-НАТО/ дар бораи дастгирии кишвари қабулкунанда ба нерӯҳои СААШ ва ҳайати СААШ ва оид ба транзити қӯшунҳои СААШ ва ҳайати СААШ, Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи барқии «Равшан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтарсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон», Созишнома дар бораи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», Шартнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ, марҳилаи II» байни Институти қарзии таҷдиди Франкфурти Майни (KfW) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистонро матраҳ намуданд. Зикр шуд, ки санадҳои мазкур бобати рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар нақши муассир хоҳанд гузошт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






