Стратегияи милии рушд ва инъикоси он дар ВАО

Июнь 23, 2014 13:09

Душанбе, 23.06.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар охири ҳафтаи гузашта дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор барои намояндагони воситаҳои ахбори омма семинар гузаронид. 
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзода дар ин семинар иброз дошт, ки мақсад аз баргузории он инъикоси васеи татбиқи Стратегияи миллии рушд ва натиҷаҳои бадастомада дар самти амалӣ намудани «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» мебошад.
 «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» давраи ҷамъбастии даҳсолаи татбиқи «Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2015» бошад ҳам, масоили зиёдро вобаста ба таъмини ҳадафҳои стратегӣ, ба монанди ислоҳоти идоракунии давлатӣ, таъмини волоияти қонун, пешгӯӣ ва банақшагирии демографӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди бахши хусусӣ ва дастгирии табақаи миёнаи кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. 
Дар идома кормандони масъули вазорат С.Ҳамидов, Ш. Аброров ва Ф. Фахруддинов оид ба татбиқи  «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» маълумот дода, идома додани раванди коҳиши сатҳи камбизоатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои устуворгардонӣ ва афзоиши теъдоди аҳолии табақаи миёнаро яке аз мақсадҳои асосии стратегия арзёбӣ намуданд.
Дар хотима миёни намояндагони ВАО баҳри тарғиби мавзӯъ ва навиштани матолиби ҷолиб «Озмуни мақола, барномаи телевизионӣ ва интернет маводи беҳтарин» эълон карда шуд.
 
 
 
 

Июнь 23, 2014 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд