«Стройрегион» қарзи маошро пардохт

Июнь 20, 2014 11:06

Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – Қарзи  маоши  муҳоҷирони  меҳнатии  Тоҷикистон  иборат  аз 200  ҳазор  рубл  пардохта  шуд.
Мувофиқи хабари  Хадамоти муҳоҷирати  Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  ҶТ,  роҳбарияти Ҷамъияти масъулияташ  маҳдуди «Стройрегион» — и   шаҳри  Екатеринбурги  вилояти  Свердловск  бо  сабабҳои  номаълум  пардохти  маоши  муҳоҷиронро  мавқуф  мегузошт.
Баъди  муроҷиати  роҳбари  сохтмончиён Холмӯъмин  Мусулмонов, корманди  намояндагӣ  бо роҳбарияти Ҷамъияти  масъулияташ маҳдуди «Стройрегион» сӯҳбат  намуд.  Маълум  шуд, ки   шаҳрвандони  Тоҷикистон  дар  давоми  беш  аз  як  сол бидуни  созишномаи  меҳнатӣ  дар  ҳайати  ин  ширкати  сохтмонӣ  кор карда,  дар  баробари  ин  барои  фаъолияти  меҳнатӣ  ҳуҷҷатҳои  иҷозатдиҳанда  доштаанд. 

Июнь 20, 2014 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш