Суғд: 127 парванда нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ

Июнь 4, 2014 15:24

Хуҷанд, 4.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар тӯли 5 моҳи соли равон дар вилояти Суғд нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ 127 парванда оғоз гардидааст.   Мувофиқ ба маълумоти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар ин давра дар 35 корхонаи муштарак ва ширкат аз ҷониби гурӯҳҳои санҷишии Раёсат санҷишҳои назоратӣ гузаронида шуда, дар онҳо нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ 27 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид.Бояд гуфт, ки дар қаламрави вилоят аз 12 май то охири моҳ марҳилаи якуми амалиёти махсуси «Нелегал — 2014» гузаронида шуд. Аз ҷумлаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии мазкур 19-тоаш дар доираи ҳамин амалиёт ба қайд гирифта шудааст.Дар умум, дар панҷ моҳи соли равон аз тарафи сармутахассисони дастгоҳи Раёсат ва гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ 127 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардида, парванда оғоз шудааст.

Июнь 4, 2014 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд