“Суғд — 2014”-ярмаркаи савдо

Июнь 26, 2014 11:09

Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар вилояти Суғд ярмаркаи минтақавии савдо таҳти унвони “Суғд — 2014” ифтитоҳ шуд. Ярмарка бо мақсади муаррифии маҳсулоти соҳаҳои саноату кишоварзии вилоят ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн бо соҳибкорону ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ сурат мегирад. Дар ярмарка беш аз 60 корхонаи саноатии вилоят маҳсулоти хеш, аз қабили ҳунарҳои анъанавии дастӣ: сӯзанидӯзию гилембофӣ, кордсозию тоқидӯзӣ, сабадбофӣ, масолеҳи сохтмонӣ, либосҳо, нӯшокиҳои ташнашикан, таҷҳизоти электронӣ, дастовардҳои соҳаи алоқа ва бонкҳо, шириниҳо, маҳсулоти ширию гӯштӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, намунаи сабзавоту полезиҳо ва меваҷотро пешниҳоди меҳмонон ва сокинони вилоят гардониданд.
Ба ярмаркаи мазкур намояндагони беш аз 30 давлати ҷаҳон, аз қабили Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистону Эрон, Покистон, Белгия, Олмону Латвия  даъват шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд дар доираи ин ярмарка чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла форуми байналмилалӣ бо номи «Қудрати воридотӣ ва тиҷорати байналмилалӣ», вохӯрии ширкатҳои тиҷоратии ватанию хориҷӣ, қабули меморандум ва созишномаҳои тарафайни ҳамкорӣ ва ҷамъбасти озмуни “Маҳсулоти беҳтарини соли 2014” ба нақша гирифта шудаанд.
 

Июнь 26, 2014 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад