Суғд ба Рӯзи муборизаи зидди маводи мухаддир тайёрӣ мебинад

Июнь 16, 2014 14:42

Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло  Тоирӣ). — Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи  нашъаовари назди  Президенти  ҶТ  дар  вилояти  Суғд  дар  арафаи Рӯзи  байналмилалии  муборизаи  зидди сӯистеъмоли  маводи  мухаддир  ва  гардиши  ғайриқонунии  он, ки  ҳар  сол  26  июн таҷлил  мешавад,  бархе  чорабиниҳоро  роҳандозӣ  менамоянд. 
Мувофиқи  маълумоти Агентии  назорати  маводи  нашъаовар,   кормандони  Агентӣ бо   хидматчиёни  ҳарбии  яке  аз  қисмҳои  низомии қӯшунҳои  дохилии  ҶТ дар  шаҳри  Хуҷанд суҳбат  оростанд. Дар  ҷараёни  суҳбат бо  сарбозону  афсарон  масоили  мубрами  марбут ба гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир ва қаламрави  Тоҷикстонро  чун  давлати  транзитӣ  истифода  намудани  нашъаҷаллобон  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.
Ҳамчунин  дар  факултаи  забонҳои  хориҷии  Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд  ба  номи  академик  Б.Ғафуров вохӯрии  кормандони  Агентӣ бо омӯзгорону  донишҷӯён  баргузор  шуд.  
Якҷоя  бо  намояндагони  мақомоти  маҳаллии  ҳокимияти  иҷроия  ва  шуъбаи  ҷавонон,  варзиш ва сайёҳӣ  дар  мактаби  варзишии  шаҳри  Хуҷанд бо  ҷалби  шуъбаҳои  мухталифи  варзишии  мактабҳо  иқдоми  варзиши  оммавӣ   таҳти  шиори «Мо  зидди  маводи  мухаддирем» рӯи  кор  оварда шуд. 
Муовини  раиси  шаҳри  Хуҷанд  И.Сангинов ва  корманди  Агентӣ  Ш.Абдуллозода  зимни  суханрониашон қайд  намуданд, ки  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқи  кишвар ба  манзури татбиқи  сиёсати Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  бахши  сиёсати  зидди  маводи  мухаддир  барои ҷилавгирии  истифодаи  маводи  нашъаовар  кори  зиёдеро баҷо  меоранд.

Июнь 16, 2014 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст