Суғд: Оқибати авбошиву зӯроварии ҷавонон
Хуҷанд, 5.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Тавре ки аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, 1 июни соли равон ду гурӯҳи ҷавонон ҳангоми истироҳату оббозӣ дар осоишгоҳи соҳили «Баҳри тоҷик»-и Қайроққум байни ҳам ҷанҷолу муноқиша карда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекунанд. Шаҳрвандон Одил Раҳимов, соли таваллудаш 1993, Хуррам Далеров, соли таваллудаш 1991 ва ноболиғ Ҷаҳонгир Ҷӯраев, соли таваллудаш 1997, ҳар се сокинони шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади истироҳату оббозӣ ба соҳили “Баҳри тоҷик” омада, баъди истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ба рафтору амали ду истироҳаткунандаи дигари ҳамин мавзеъ ҷавонони 25-сола Хуршед Рустамов ва Музаффар Ҷӯраев, сокинони ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи мазкур дахолат карданӣ мешаванд. Дар натиҷа дахолати бемаврид боиси он мешавад, ки Одил, Хуррам ва Ҷаҳонгир аз ҳиссиёти авбошӣ таҳдиду зӯровариро нисбат ба Музаффар ва Хуршед истифода бурда, онҳоро лату кӯб карда, оромиву истироҳати бошандагони дигари осоишгоҳро халалдор месозанд. Бар асари муноқиша 5 нафар иштирокчии ин ҳодисаи ҷиноӣ ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 2 нафари он, ки дар айни ҳол ба ҳайси ҷабрдида бозпурсӣ мешавад, Хуршед Рустамов ва Музаффар Ҷӯраев дар беморхона бистарӣ гардиданд. Дар айни ҳол нисбат ба рафтори авбошонаи ин гурӯҳи ҷавонон,аз тарафи бахши тафтишотии шуъбаи ВКД дар шаҳри Қайроққум бо моддаи 230 Кодекси ҷиноӣ, яъне «авбошӣ» парванда оғоз шудааст.