Суғд: Спартакиада барои Ҷоми вазири мудофиа
Хуҷанд, 5.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Дар шимоли кишвар спартакиадаи умумии ҳарбию варзишӣ барои дарёфти Ҷоми вазири мудофиаи ҶТ оғоз гардид. Дар он 10 дастаи сарбозони қисмхои низомии гарнизони Суғд иштирок мекунанд.
Ба гуфти масъулин, мақсад аз баргузории ин чорабинӣ-ҷалби бештари сарбозон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо ва ба ин васила баланд бардоштани малакаю маҳорати ҳарбию варзишии сарбозон мебошад.
Спартакиада аз рӯи намудҳои варзиш, чун футболи хурд, волейбол, давидан ба 100 ва 3000 м, турниккашӣ, ҷанги тан ба тан гузаронида мешавад. Спартакиада то 8 июн идома ёфта, ғолиби он бо Ҷоми вазири мудофиа ва маблағи пулӣ- 3000 сомонӣ барои ҷои аввал, ҷои дувум бо 1,5 ҳазор сомонӣ ва ғолиби ҷои севум бо 1000 сомонӣ мукофонида мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






