Сулҳи тоҷик ҷовидон бод!
Душанбе, 26.06.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Тавре ки аз Хадамоти гумрук иттилоъ доданд, дар ҷамъомад раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ аз дастовардҳои 17 соли мардуми тоҷик дар фазои Ваҳдати миллӣ ёдовар шуд. Зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ сарчашмаи бахту саодат, якдигарфаҳмӣ, омили муҳими пешрафт ва инкишофи давлату давлатдории миллии тоҷикон аст.
Дар ҷамъомад аз тарафи роҳбарият кормандони фаъоли хадамот барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Инчунин бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Хадамоти гумрук Маҷмааи фароғативу истироҳатии худро, ки дар дараи зебоманзари Ромит воқеъ аст, ба истифода дод.
Маҷмааи мазкур ба таври муосир сохта шуда, шароити хуби моддиву маиширо барои истироҳткунандагон муҳайё кардааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






