Тағйирот ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ
Душанбе, 20.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 20 июн дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Масъалаи мазкурро Бибидавлат Афзалшоева- вакили Маҷлиси намояндагон ва Азизмад Имомов-раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор тавзеҳ дода гуфтанд, ки лоиҳаи ин қонуни конститусионӣ бо мақсади таъмини мутобиқатии он бо дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани мухолифат миёни меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва дигар шартномаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, пешниҳод гардидааст.
Тибқи тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонун 2 моддаи нав- моддаи 1 эзоҳи 1 ворид гардид, ки он «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ном дорад. Дар ин модда муқаррар гардидааст, ки қонунгузории кишвар оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст.
Ба лоиҳаи ин қонуни конститутсионӣ моддаи 48 эзоҳи 1 илова гардида, ба 5 моддаи дигари қонуни амалкунанда қисмҳои нав илова шудааст. Ба қисми 3-и моддаи 24 ҷумлаи нав илова гардидааст, ки тибқи он аҳзоби сиёсӣ метавонанд шахсони аъзои ҳизб набударо низ номзад ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ пешниҳод намоянд. Инчунин тибқи лоиҳа ба моддаи 27 қисми 5-ум ҷумлаи дуюм илова мегардад. Яъне, дар сурати рафъ шудани бақайдгирии номзад комиссияи дахлдори интихоботӣ вазифадор аст, ки дар давоми як шабонарӯз ба номзад ва ҳизби сиёсӣ нусхаи қарори комиссияи интихоботиро бо баёни асосҳои рафъкунӣ пешниҳод намояд. Ба моддаи 42 қисми 6 илова гардид, ки мувофиқи он комиссияҳои интихоботии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар бораи натиҷаи интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳанд. Ба лоиҳаи қонун моддаи нав-48 эзоҳи 1 -интихобот дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил илова карда шудааст. Моддаи 49-и қонун дар таҳрири нав нишон дода шуда, дар он маблағгузории интихобот, сарчашмаҳо ва тартиби назорати маблағҳо муайян гардидааст.
Инчунин тибқи тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон ба 18 расидааст, метавонанд дар интихобот, новобаста аз нажод, миллат, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ иштирок намоянд ва онҳо метавонанд ҳам интихоб шаванд ва ҳам интихоб кунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






